Мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид

    Тиҷорат 15 Fevral 2022 1338

    15 феврали соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон А.Икромов бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Покистон мебошад.

    Дар чорабинӣ раиси Палатаи савдо ва саноат А.Икромов ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки имрӯзҳо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд ва дарозмуддат байни намояндагони соҳибкорони ду кишвар имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.

    Дар навбати худ, мушовири тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хуррам Алӣ қайд кард, ки қаблан монеаҳо ва чолишҳои муайян вуҷуд доштанд, вале бо талошҳои муштараки сарони ду кишвар имрӯз равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ӯзбекистон ва Покистон барқарор мегардад.

    Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, масъалаҳои муҳим ва пешниҳодҳои соҳибкорони Ӯзбекистону Покистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Намояндагони тиҷорати Покистон соҳаҳои худро муаррифӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳодҳои мушаххаси лоиҳавӣ баён намуданд.

    Инчунин дар бораи иқтидори сармоягузорӣ ва тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон, инчунин оиди корҳои анҷомдодаи Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон маълумоти муфассал дода шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates