Императори Ҷопон зимни истиқболи гарми Сарвари давлати мо таъкид кард, ки сафари кунунии Президенти Ӯзбекистон дар роҳи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Ҷопон рӯйдоди муҳим ба шумор меравад.
Роҳбари кишвари мо ба Император Нарухито барои дастгирии пайвастаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав эҳтироми амиқ ва сипосмандӣ изҳор намуд.
Таъкид гардид, ки новобаста аз дурии ҷуғрофӣ, халқҳои ӯзбеку ҷопонро наздикии маънавӣ, монандии ҷаҳонбинӣ, расму ойинҳо ва арзишҳои оилавӣ, ҳамчунин робитаҳои таърихии чандинсадсола, ки аз даврони Роҳи бузурги абрешим оғоз мегиранд, ба ҳам мепайвандад.
Бо қаноатмандӣ густариши пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисон, инчунин мубодилаҳои фарҳангиву башардӯстона зикр гардид. То имрӯз беш аз 3 ҳазор мутахассиси ӯзбек дар Ҷопон таҷрибаомӯзӣ гузашта, зиёда аз 440 нафар дар асоси стипендияҳо таҳсилоти олӣ гирифтаанд. Дар 7 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон забони ҷопонӣ омӯзонда мешавад.
Дар доираи сафари кунунӣ Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Токио бо муваффақият баргузор шуданд. Соли оянда дар як қатор шаҳрҳои Ҷопон баргузории намоишгоҳи бостоншиносӣ бахшида ба фарҳанг ва таърихи Ӯзбекистон дар назар аст.
Дар поёни мулоқот Роҳбари кишвари мо Император Нарухиторo даъват намуд, ки ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом диҳад.