Нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд

    Нақлиёт 21 Iyun 2024 1387

    20 июн таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Қарабоев ҷаласаи ёздаҳумин вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мақомоти нақлиётии кишварҳои узви СҲШ дар доираи қарорҳои қабулкардаи сарони давлатҳо табодули афкор сурат гирифт.

    Дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар ташкили механизмҳо оид ба рушди вобастагии нақлиёт, тавсеаи иқтидори нақлиётию транзитӣ дар минтақаи СҲШ, ҷустуҷӯи равишҳои маҷмӯӣ ба равандҳои декарбонизатсияи нақлиёт ва татбиқи санадҳои дар соҳаи соҳаи нақлиёт қабулшуда фаъол гардонанд.

    Дар ҷамъомад муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маманбий Омаров зарурати анҷом додани раванди ташаккули шабакаи ягонаи нақлиётиро қайд намуд, ки занҷири муттасили глобалии таъминотро дар самти Шимол-Ҷануб ва Шарқу Ғарб барои кишварҳои узви ин созмон ва берун аз он, барои истифодаи самараноки имкониятҳои долонҳои нақлиёти заминӣ ва мултимодалӣ фароҳам меорад.

    Маманбий Омаров инчунин аҳамияти рушди рақамикунонии раванди ҳамлу нақлиро дар нақлиёт ва содда кардани убури гузаргоҳҳои наздисарҳадиро қайд кард.

    Дар соли 2021 бо ташаббуси Ўзбекистон дар Туркия низоми рухсати электронии e-permit ҷорӣ шуда буд. Моҳи апрели соли 2024 система дар Қазоқистон бомуваффақият ба кор даромад. Дар ҳоли ҳозир барои ташкили ин низом бо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон корҳои фаъол идома доранд.

    - Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофиёи истифодаи иҷозатномаҳои электронӣ мо аз дигар кишварҳои узви СҲШ даъват менамоем, ки ба системаи иҷозатномаи электронӣ ҳамроҳ шаванд ва тадриҷан аз мактуби электронии eCMR дар ҳамлу нақли бор истифода баранд, - гуфт М.Омаров.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates