Таъкид гардид, ки чунин амалҳо ба субот ва амният, аз ҷумла ба саъю талошҳо ҷиҳати расидан ба сулҳи дарозмуддат, таҳдид эҷод мекунанд.
Аз нигоҳи татбиқи тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамгироии Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Инчунин оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, нақшаи чорабиниҳои минбаъда муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми суҳбат роҳбарон якдигарро ба муносибати фаро расидани Соли нави 2026 самимона табрик гуфта, саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва фаровонӣ, ба халқҳои бародари ҳар ду мамлакат сулҳу оромӣ ва рушди пойдор орзу намуданд.