Қонун самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи алоқаи почта васеъ намуда, аз ҷониби давлат рушди алоқаи почтаро мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба соҳа, рушди шарикии давлатию хусусӣ, ҳавасмандгардонии ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами инноватсионӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ пешбинӣ менамояд.
Мувофиқи Қонуни мазкур, мақомоти давлатие, ки назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оиди алоқаи почтаро амалӣ менамояд, Инспексияи давлатии назорати соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст.
Қонун муайян мекунад, ки иттилоот дар бораи маълумоти суроғаи истифодабарандагон, фиристодаҳои почта ва курерӣ, мундариҷаи онҳо, инчунин дигар хабарҳое, ки ба доираи фаъолияти операторон ва провайдерҳои почта дохил мешаванд, сирри хизматрасонии алоқаи почтаро ташкил медиҳанд ва ин аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.
Қонун инчунин бо қоидаи нав дар бораи чораҳои таъмини амнияти алоҳаи почта пурра карда шудааст. Аз ҷумла, амнияти алоқаи почта маҷмӯи тадбирҳое мебошад, ки қонун муайян кардааст, ки ба ҳифзи сирри алоқаи почта, таъмини бехатарии интиқоли почта ва хаткашонӣ, воситаҳои алоқаи почта нигаронида шудаанд.
Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.