Лоиҳаҳои нав дар соҳаи тағирёбии иқлим якҷоя бо СММ татбиқ хоҳанд шуд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо ёрдамчии Котиби Генералии СММ, директори Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ҷангал Ҷулиета Биао Куденукпо, ки бо сафари корӣ дар мамлакати мо мебошад, мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва СММ, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, экология ва тағирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

    Солҳои охир якҷоя бо муассисаҳои махсуси СММ дар Ӯзбекистон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи иқтисодиёти "сабз", тағирёбии иқлим ва рушди тиҷорат ба роҳ монда шудаанд.

    Лойиҳаи СОК СММ - "Вусъати иқтидор барои эҷоди системаи ҳамгирошуда ва мукаммали шаффофият дар Ӯзбекистон ҷиҳати пайгирии амалиёти миллӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва расонидани ёрии техникӣ» самарабахш татбиқ мегардад..

    Оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти мубориза бо тағирёбии иқлим бо назардошти таъсири он ба кӯдакон, ҷавонон ва занон табодули афкор сурат гирифт.

    Дар ҳоли ҳозир минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои тағйирёбии иқлими ҷаҳониро бештар эҳсос мекунад. Хушк шудани баҳри Арал дар минтақа мушкилоти мураккаби экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, зимни суҳбат аҳамияти татбиқи тадбирҳои нав бо иштироки фаъолонаи СММ ва ниҳодҳои махсуси он ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва дастгирии техникӣ барои ҷалби технологияҳои муосири иқлимӣ таъкид гардид.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва амалӣ сурат гирифт, доир ба идомаи мунтазами муколама, рушди устувор, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, инчунин васеъ намудани доираи лоиҳаҳои муштараки амалӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates