Аз ҷумла, бо роҳбарияти Девони Вазирон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, корҳои ҷамъиятӣ, иқтисодиёт ва энергетика музокирот гузаронд. Вазъи кунунии кишвар, талошҳо барои расондани кӯмакҳои башардӯстона ва дигар ба мардуми Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт баррасӣ шуд.
Аъзои Ҳукумати муваққатии Афғонистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои дастгирии фаъолонаи мардуми афғон дар ин замони душвор, барои мусоидат дар ҳалли осоиштаи вазъи кишвар, саъю кӯшиши ҳукуматдорони нав оид ба таъмини сулҳу осоиш дар сарзамини Афғонистон изҳори миннатдории самимӣ намуданд.
Ба тадбирҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини бефосила бо нерӯи барқ, фаъолияти сарҳади Ӯзбекистону Афғонистон, мусоидат дар барқарор намудани фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Мазори Шариф ва сари вақт расондани ёрии башардӯстона баҳои баланд дода шуд.
Тайёрии ҷониби Афғонистон барои ҳарчӣ зудтар оғоз намудани татбиқи чунин лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷониби Ӯзбекистон ташаббусшуда ба мисли сохтмони хатти интиқоли барқи "Сурхон-Пули-Хумрӣ" ва роҳи оҳани "Мазори Шариф-Кобул-Пешовар", ки дар тадриҷан ҷалб намудани мамлакат ба равандҳои ҳамгароии минтақавӣ ва алоқаи байниҳамдигарӣ звенои асосӣ мегардад, тасдиқ гардид.
Ҷониби Афғонистон ҷониби Ӯзбекистонро итминон дод, ки ҳатто кӯчактарин таҳдид ба Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои минтақа ва умуман ҷаҳон ҳеҷ гоҳ аз қаламрави ин кишвар ба миён нахоҳад омад.
Ҳукумати нави Афғонистон изҳори омодагӣ кард, ки якҷо бо Ӯзбекистон корҳоро оид ба ободонии қабристонҳои аҷдодони бузурги халқҳои ҳарду кишвар – А.Навоӣ (Ҳирот), З.Бобур (Кобул), Абу Райҳон Берунӣ (Ғазнӣ) ва Бобо Машраб (Тахор) анҷом медиҳад. Ба омӯзиши забони ӯзбекӣ дар мактабҳо ва донишкадаҳои олии мамлакат низ диққати махсус дода мешавад.
Азми Афғонистон барои минбаъд низ бечунучаро пайравӣ кардан ба самти дастгирии равобити бародарона ва неки ҳамсоягӣ бо Ӯзбекистон ба манфиати халқҳои ду кишвар, ба хотири таъмини амният ва суботи минтақа, махсусан тасдиқ карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.