Низоми нави тайёр кардан ва хоста гирифтани варзишгарон ҷорӣ карда мешавад

    Ҳукумат 23 May 2022 7066

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 23 май оид ба чораҳои оммавигардонии варзиш ва омода кардани варзишгарони баланддараҷа ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Дар мамлакатамон инфрасохтори варзиш пайваста ривоҷ меёбад, шавқу рағбати ҷавонон ба шуғлварзӣ бо варзиш ҳавасманд карда мешавад. Дар давоми панҷ соли охир 118 комплекси спортӣ ба истифода дода, 110-тоаш аз нав сохта шуд. Барои ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон бори аввал дар тамоми маҳаллаҳо мусобиқаи панҷмарҳила оғоз гардид. Дар давраҳои якум ва дуюм, ки моҳҳои апрель-май шуда гузаштанд, зиёда аз 3 миллион нафар ҷавонон иштирок карданд.

    Дар баробари ин ба масъалаи хоста гирифтани ҷавонони болаёқат ва тайёр кардани варзишгарони касбӣ диққати зарурӣ дода намешавад. Дар байни мактабҳои варзишӣ, ки звенои ибтидоии тайёрӣ ба шумор мераванд, коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва мактабҳои маҳорати олии варзишӣ алоқаи ҳамдигарӣ ба роҳ монда нашудааст. Масалан, дар 190 мактаби варзишии ҷавонон ҳамагӣ аз рӯи 10 намуди олимпии варзиш тайёр карда мешавад. Федератсияҳои варзиш бо коллеҷҳои захираҳои олимпӣ мунтазам машғул намешаванд.

    Дар маҷлис ба ин муносибат ҷорӣ намудани низоми нави тайёр кардан ва хоста гирифтани варзишгарон муайян карда шуд.

    Ҳамин тариқ, минбаъд дар ҳар як маҳалла дар моҳҳои апрел-июн ва сентябр-декабр мусобиқаҳо баргузор гардида, ҷавононе, ки натиҷаҳои хуб доранд, ба рӯйхати электронӣ шомил карда мешаванд ва имкон пайдо мекунанд, ки дар назди мураббиёни соҳибихтисос ройгон дар муассисаҳои маҳаллӣ тамрин кунанд. Вобаста ба дараҷаи тайёрии ҷисмонӣ ва разрядашон онҳо ба давраи навбатии тайёрӣ мегузаранд. Мактабҳои варзишӣ базаи баъзе намудҳои олимпии варзиш мешаванд. Музди кори мураббиён 35 фоиз зиёд карда мешавад.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки ин низомро ҷорӣ намуда, маҳаллаҳоеро, ки натиҷаҳои хуб нишон додаанд, ҳавасманд гардонанд. То охири сол дар 508 маҳалла майдончаҳои серсоҳаи варзишӣ сохта мешаванд.

    Имрӯзҳо наврасони аз 14-сола боло ба коллеҷҳои захираҳои олимпӣ қабул карда мешаванд, ки дар натиҷа омодагии ҷавонон ба Бозиҳои олимпӣ дер оғоз мешавад.

    Аз ин рӯ, дар асоси омӯхтани таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои тараққикарда низоми тайёрии касбии варзишгарон ислох карда мешавад. Ҳамин тариқ, коллеҷҳои варзишӣ ба марказҳои таълимии намудҳои олимпӣ ва паралимпӣ табдил дода мешаванд. Дар назди онҳо мактабҳои олимпӣ барои синфҳои 5-9, коллеҷҳои олимпӣ ва паралимпӣ барои синфҳои 10-11 ва курсҳои 1-2 ташкил карда хоҳанд шуд. Ба ин муассисаҳои таълимӣ ҷавононе қабул карда мешаванд, ки дар мактабҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо натиҷаҳои хуб нишон додаанд.

    Дар назди Вазорати рушди варзиш аз ҳисоби мураббиёни варзида ва коршиносони байналмилалӣ Шӯрои мураббиён таъсис дода мешавад, ки онҳо ҷавононеро, ки дар мусобиқаҳо натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардаанд, ба коллеҷҳо интихоб мекунанд. Хатмкардагони коллеҷҳо дар оянда метавонанд дар Донишкадаи мадорати олии варзишӣ таҳсилро давом диҳанд. Ҳамин тавр, низоми муттасили тайёр кардани варзишгарони касбӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ба Вазорати рушди варзиш вазифа гузошта шуд, ки 20 намуди варзиши ояндадори олимпиро муайян намуда, базаҳои дастгирии минтақавии онҳоро таъсис диҳад.

    Инчунин қайд карда шуд, ки иқтидори илми варзиш пурра истифода бурда намешавад. Олимони ватанӣ аз рӯи ягон намуди варзиш усул ё барнома таҳия накардаанд. Имрӯзҳо тайёр кардани варзишгарон аз рӯи барномаҳои 30 сол пеш ба роҳ монда шудааст. Мутахассисони оид ба диетология, фармакология, психология, инженерияи варзишӣ, тарбияи кардиологӣ тайёр карда намешаванд.

    Ба ин муносибат зарурати таҳияи барномаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва равонӣ, ғизои солим барои варзишгарон, ки ба намудҳои олимпии варзиш нигаронида шудаанд, таъкид гардид. Супориш дода шуд, ки аз соли таҳсили оянда омода кардани мутахассисони соҳаи ғизои варзишӣ, муҳандисӣ ва кардиологӣ дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оид ба тибби варзишӣ ва фармакология дар Академияи тиббӣ ташкил карда шавад.

    Дар ҷамъомад вазиру ҳокимон оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда маълумот доданд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates