Лого Лого-пв-уз

    Иҷрои вазифаҳо оид ба рушди варзиш баррасӣ гардид

    Ҳукумат 1 Aprel 2022 2541

    Президент Шавкат Мирзиёев 1 апрел оид ба чораҳои рушди варзиши оммавӣ дар байни ҷавонон ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар мамлакатамон барои шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмонӣ шароити васеъ фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, дар се соли охир 118 маҷмӯи варзишӣ ба истифода дода шуда, дар маҳаллаҳо 7 ҳазор майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд. Имрӯзҳо 3,5 ҳазор майдонҳои футболи хурд, 6 ҳазор баскетбол, волейбол, 663 бадминтон, зиёда аз ҳазор толорҳои варзишӣ мавҷуд аст. Дар ҳар як ноҳия ва маркази шаҳр «пайроҳаҳои саломатӣ» ва роҳҳои велосипедронӣ ташкил карда шуданд.

    Дар Стратегияи нави рушд мақсадҳо оид ба дар давоми панҷ соли оянда ба 33 фоиз расондани шумораи онҳое, ки мунтазам бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул мешаванд, муайян шудааст.

    Бо фармон ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 феврали соли 2022 Вазорати оид ба рушди варзиш ташкил карда шуда буд. Яке аз вазифаҳои муҳими он оммавӣ гардондани варзиш байни бачаҳо ва ҷавонон мебошад.

    Дар ҷамъомад нақшаҳои кор дар ин самт муаррифӣ шуданд.

    Вазорати рушди варзиш вазифадор карда шуд, ки якҷоя бо пешвоёни ҷавонони маҳаллаҳо дар тӯли сол 6 миллион писарону духтаронро ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ фаро гиранд.

    Ба ин мақсад аз 10 апрел дар сатҳи маҳалла, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ чорабиниҳои оммавии варзишӣ гузаронда мешаванд. Барои ташкили онҳо ба ҳар як вилоят аз ҳисоби фонди «Дафтари ҷавонон» то 100 миллион сӯм, инчунин то 1 миллиард сӯм барои мукофотонидани ғолибон ва ҷоизадорон ҷудо карда мешавад. Беҳтарин иштирокчиён ба дастаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, вилоятӣ ва миллӣ интихоб карда мешаванд.

    Оид ба беҳтар гардондани инфрасохтори варзиш дар маҳаллаҳо, мақбулсозии арзиши лоиҳаҳо ва бунёди майдончаҳои варзишӣ супоришҳо дода шуданд.

    Зарурати коркарди рейтинги маҳаллаҳо оид ба ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои варзишии оммавӣ, ба маҳаллаҳои рейтингашон «ғайриқаноатбахш» вобаста намудани мураббиёну варзишгарони маъруф зикр гардид.

    Аҳамияти гузарондани вохӯриҳои ҳавасмандгардонии ғолибони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ҷавонони маҳаллаҳо қайд гардид.

    Супориш дода шуд, ки бо дарназардошти ин вазифаҳо оид ба рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба Бозиҳои Осиё, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Ханчҷоу баргузор мегарданд, такмил додани низоми омодасозии мураббиён қарорҳо тайёр карда шаванд.

    14 марти соли равон қарори Президент дар бораи созмон додани мактаби Баҳодир Ҷалолов оид ба бокс ва Оксана Чусовитина оид ба гимнастикаи бадеӣ қабул шуданд. Дар ҷамъомад дар бораи корҳои дар ин бобат амалишуда маълумот дода шуд.

    No date selected
    January 2023
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates