Доналд Трамп моҳи январи соли 2025, дар рӯзи аввалини ба кор шурӯъ кардан, фармонро дар бораи хориҷ шудан аз созишнома имзо кард. Созишномаи Париж ба маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ ва коҳиш додани хатарҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Хуруҷи ИМА аз созишнома маънои онро дорад, ки кишвар дигар худро ба уҳдадориҳои коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ вобаста намешуморад. Ҷониби Амрико инчунин иштироки худро дар конфронсҳои байналмилалии иқлимӣ қатъ мекунад. Илова бар ин, ин қарор метавонад боиси коҳиш ёфтани маблағгузории барномаҳои кумак ба кишварҳои камрушдкарда барои мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим гардад.

ИМА аз рӯи ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон пас аз Чин дар ҷойи дуюм қарор дорад. Тибқи гузориши СММ, агар сиёсати кунунии иқлимӣ идома ёбад, то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ нисбат ба давраи то саноатӣ тақрибан 2,8 дараҷа боло меравад. Бино ба мулоҳизаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, хуруҷи ИМА метавонад ин нишондиҳандаро тақрибан 0,1 дараҷа зиёд кунад.

Қарори Вашингтон мавриди интиқоди созмонҳои ҳифзи муҳити зист қарор гирифт. Роҳбари “Greenpeace Deutschland” Мартин Кайсер хуруҷи ИМА-ро «оташ афрӯхтан дар тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ» номид ва гуфт, ки он ба манфиатҳои саноати нафту газ хидмат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Аврупо бояд иттиҳодҳои навро барои идомаи сиёсати иқлимӣ тақвият диҳад ва даст кашидан аз ҳадафҳои иқлимӣ «вокуниши нодуруст» ва «таслим шудан» мебошад.

Ин бори дуюм аст, ки ИМА дар давраи президентии Доналд Трамп аз Созишномаи иқлими Париж хориҷ мешавад. Дар давраи аввалини президентии ӯ низ Иёлоти Муттаҳида аз ин созишнома баромада буд, аммо дар замони маъмурияти Ҷо Байден ба он дубора пайваст. Дар оғози соли ҷорӣ маъмурияти Трамп ҳамчунин нияти хориҷ шудан аз Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва қатъи иштирок дар Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлимро эълон кард, хабар медиҳад inform.kz.