«Пас аз вохӯрии хеле босамар бо Дабири кулли НАТО Марк Рутте, мо барои созишномаи оянда оид ба Гренландия ва албатта, тамоми минтақаи Арктика замина гузоштем. Агар ин роҳҳал амалӣ шавад, барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамаи кишварҳои НАТО бисёр хуб хоҳад буд», — навишт ӯ.

Ба гуфтаи Трамп, бар асоси ин созиш ӯ тарифҳоро нисбат ба чанд кишвари Аврупо, ки қарор буд аз 1 феврал эътибор пайдо кунанд, ҷорӣ намекунад, хабар медиҳад report.az.

«Муҳокимаҳо оид ба “Гумбази тиллоӣ” дар Гренландия (низоми мудофиаи зиддимушакӣ) идома доранд. Азбаски музокирот идома меёбанд, маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад. Ноиби Президент Ҷей Ди Вэнс, Котиби давлат Марко Рубио, сафири махсус Стив Уиткофф ва дигарон, вобаста ба зарурат, ба музокирот роҳбарӣ хоҳанд кард», — гуфт Трамп.