Тибқи Низом, шаҳодатномаи намунаи нави миллии ронандагӣ тавассути муассисаи консулӣ аз ҷониби Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилӣ (СРБҲР ВКД) расмӣ гардонда мешавад.

Муроҷиаткунанда шахсан ба идораи консулӣ барои иваз кардани шаҳодатномаи миллии ронандагии намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаи нав ариза пешниҳод мекунад.

Идораи консулӣ варақаи аризаро аз номи муроҷиаткунанда пур карда, дар давоми 1 рӯзи корӣ онро ба Сараёсати бехатарии ҳаракати роҳи Вазорати корҳои дохилӣ мефиристад.

Сарраёсати бехатарии ҳаракати роҳ бо назардошти шаҳодатномаи пешниҳодшуда дар давоми 1 рӯзи корӣ шаҳодатномаи миллии ронандагии намунаи навро расмӣ гардонда, ба департаменти консулӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ (ДКҲ ВКХ) мефиристад. Тибқи иттилои шабакаи ҳуқуқии Вазорати адлия, ДКҲ-и Вазорати корҳои хориҷӣ шаҳодатномаи ронандагиро тавассути почтаи дипломатӣ ба идораи консулгарӣ мефиристад.

Идораи консулӣ дар давоми 1 рӯзи корӣ ба соҳибаш шаҳодатномаи намунаи нави миллии ронандагӣ медиҳад ё бо сабабҳои узрнок аз додани он худдорӣ мекунад.

Барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии миллии намунаи кўҳна ба наваш аз онҳо ситонида мешавад:

  • пардохт дар ҳаҷми 70% аз воҳиди ҳисоби базавӣ;
  • хироҷи консулӣ ба миқдори 20 доллари ИМА;
  • хироҷ барои ҷуброни хароҷоти воқеӣ ба миқдори  20 доллари ИМА.