Пойтахти Ӯзбекистон барои офаридани асарҳое, ки Тошкандро зинат медиҳанд, ҳайкалтарошонро аз мамлакатҳои гуногун даъват мекунад

    Фарҳанг 12 Iyul 2024 1016

    Дар Тошканд симпозиуми III байналмилалии ҳайкалтарошӣ баргузор мешавад, ки дар чаҳорчӯби он ҳайкалтарошони Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар дар мавзӯи “Ҳайкалтарошӣ ва муҳити зист” асарҳои аслии сангӣ эҷод мекунанд.

    Барои ташкили ин арт-лоиҳа Иттиҳоди рассомони Ӯзбекистон бо Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии ииқлим якҷоя кор мекунанд. Чорабинӣ аз 10 август то 10 сентябр баргузор мешавад.

    Дар рафти симпозиум барои рассомони ҷавон дарсҳои маҳорат ва дарсҳои амалӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо анъанаҳои «усто-шогирд» намоиш дода мешаванд. Иштирокчиён аз осорхонаҳо ва объектҳои мероси мадании шаҳри Тошканд, вилоятҳои Бухоро ва Тошканд дидан мекунанд.

    Ҳайкалчаҳо бо ҳалли беназири бадеӣ, ки дар ҷараёни симпозиум офарида шудаанд, дар боғҳо, ҷойҳои истироҳатӣ, иншооти фароғатӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағирёбии иқлим (Green University) насб карда мешаванд.

    Аз рӯи ҷамъбасти симпозиум ба иштирокчиён сертификатҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда мешавад, хабар медиҳад сомонаи Вазорати экологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates