Кишварҳои СҲШ дурнамои дастгирии лоиҳаҳои минтақавии экологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои "сабз"-ро баррасӣ мекунанд

    Дар Пекин (ҶМЧ) таҳти раёсати ҷониби Қазоқистон ҷаласаи навбатии коршиносони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

    Бино ба иттилои сомонаи расмии созмон, ҷонибҳо лоиҳаи Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди минтақаҳои муҳофизатӣ ва сайёҳии экологӣ, Изҳороти Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба идоракунии самараноки партовҳо, Нақшаи татбиқи Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2025-2027 ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар баробари ин, дар доираи татбиқи Барномаи амалиёти муштарак оид ба дастгирии лоиҳаҳои минтақавии экологӣ ва ҷорӣ кардани технологияи "сабз" дар чаҳорчӯби Барномаи "Камари сабз" барои солҳои 2024-2026 мавриди омӯзиш қарор гирифт.

    Масъалаҳои омодагӣ ба Чорабинии махсуси сатҳи баланди СҲШ-СММ “Як сайёра, як оянда: муттаҳид кардани саъю кӯшишҳо барои устувории экологӣ дар Найробӣ (Кения)” баррасӣ шуданд.

    Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатӣ аз 31 январ то 1 феврали соли 2024 дар шакли онлайн баргузор шавад.

    Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ӯзбекистон қатъномаи “Осиёи Марказӣ дар баробари чолишҳои экологӣ: таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоӣ”-ро якдилона қабул кард. Дар матни ҳуҷҷат як қатор ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон, аз ҷумла «Рӯзномаи сабз барои Осиёи Марказӣ» ва нақши он дар мусоидат ба рушди устувор дар минтақа зикр шудааст. Дар резолютсия кишварҳои узв аз ташаббуси Ӯзбекистон дар бораи баргузории Форуми байналмилалии иқлим дар Самарқанд дар соли 2024 истиқбол мекунанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates