Дар онҳо иштироки ҳайатҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ, сохторҳои кории мақомоти ИДМ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ташкилотҳои таълимӣ ва илмию таҳлилӣ, ки ба омӯзиши мушкилоти мубориза бо терроризм ва экстремизм ҷалб карда шудаанд,дар назар аст.
Инчунин, дар конфронс намояндагони СММ, МЗТ, ИДМ, Интерпол, ЕАГ, Мулоқот оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои таҳкими боварӣ дар Осиё ва ғайра ширкат мекунанд.
Ҳадафи аслии конфронс табодули таҷрибаи пешқадам дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҳияи тадбирҳо ҷиҳати беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва таҳияи фаҳмиш ва бархӯрди муштараки ширкаткунандагон ба чолишҳои нав ва таҳдидҳои амниятӣ мебошад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Хизмати давлатии бехатарии Ҷумҳурии Ўзбекистон бо нақши ҳамоҳангсози МЗТ ИДМ тамрини муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Иттиҳод «Шарқ-Антитеррор - 2024» гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории машқҳо такмил додани фаъолияти мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштараки зиддитеррористӣ ҷиҳати ошкор ва рафъи ҳамлаҳои террористӣ дар иншооти муҳими инфрасохторӣ ва ҷойҳои серодам мебошад, хабар медиҳад ӮзА.