Дар кори Шӯро сарони (намояндагони) зершуъбаҳои разведкаи молиявии ҳамаи давлатҳои иштироккунандаи Созишнома дар бораи таъсиси ШРЗИМ иштирок доштанд: Маркази мониторинги молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Арманистон, Департаменти мониторинги молиявии Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус, Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мониторинги молиявӣ, Хадамоти давлатии иктишофи молиявии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа хатарҳои истифодаи воситаҳои муосири рақамӣ барои маблағгузории фаъолиятҳои террористӣ ва чораҳои безараргардонии онҳо буд.
Аъзои ШРЗИМ оид ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи таъмини амнияти молиявӣ дар ИДМ мавқеъҳои худро мубодила карданд. Ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Маркази байналмилалии арзёбии хатари қонунигардонии (рабудани) даромадҳо аз ҷиноятҳо ва маблағгузории терроризм сурат мегирад.
Ҷаласаи навбатии 27-уми Шӯро дар моҳи майи соли 2024 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.