Дар ин бора Кумитаи миллии экология ва тағйироти иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод.
Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ҳамаи ташкилотҳои сохтмонӣ барои иҷрои талаботи зерин уҳдадоранд:
– роҳ надодан ба паҳншавии гард ва заррачаҳои қум ба ҳаво дар ҷараёни сохтмон;
– насб кардани дастгоҳҳои обпошӣ ва борондиҳии сунъӣ дар роҳравҳои воридшавию хориҷшавӣ ба сохтмон;
– ташкил намудани нуқтаҳои шустушӯӣ барои шустани чархҳои автомобили нақлиётӣ ба таври ҳатмӣ;
– барои пешгирӣ аз паҳншавии гард, бо монеаҳо, пардаҳои муҳофизатӣ ва маводи махсус таҷҳизонидани майдонҳои сохтмон.
Дар ҳолати иҷро нашудани ин талабҳо, мувофиқи Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, ба ташкилотҳо ҷарима ва дигар чораҳои маъмурӣ татбиқ мегардад. Инчунин, мумкин аст фаъолияти онҳо то 10 рӯзи корӣ боздошта шавад ё мувофиқи тартиби муқарраршуда пурра қатъ гардад.