Ба хоҷагиҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳидорӣ субсидия дода мешавад

    Бо қарори ҳукумат Низом дар бораи тартиби додани субсидия ба хоҷагиҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳидорӣ барои рӯёндан  ва фурӯши маҳсулоташон тасдиқ шуд.

    Тибқи Низом, субсидияҳо ба шахсоне, ки супорандаи андози арзиши иловагӣ мебошанд, ба андозаи зерин ҷудо карда мешаванд:

    • фабрикаҳои паррандапарварӣ - барои ҳар як тухме, ки дар хоҷагиҳои худӣ рӯёнда ва фурӯхта шудааст, 50 сӯм ва барои ҳар кило гӯшти парранда 1000 сӯмӣ;
    • хоҷагиҳои чорводорй - барои як килограмм вазни зинда 2000 сӯмӣ ва барои хар литр шир аз чорвои калон ва хайвоноти майда, ки дар фермахои шахсии худ парвариш карда мешаванд, 200 сӯмӣ;
    • хоҷагиҳои моҳипарварӣ - 3000 сӯмӣ барои як кило моҳии бо усули оби хунук парваришёфта (ласос, гулмоҳӣ ва осетр), дигар намудҳои моҳӣ - 1000 сӯмӣ.

    Субсидия дар сурати набудани қарзи андози арзиши иловагӣ, инчунин ҳангоми қайдгузории контрагент дар мақомоти андоз ҳамчун супорандаи андози арзиши иловагӣ дода мешавад.

    Гирандагони субсидия ба намояндаи маркази вилоятии "Чорванасл" тавассути сайти Кумитаи давлатии байторӣ ва чорводорӣ my.vetgov.uz муроҷиат менамояд.

    Ҳангоми муроҷиат, субсидия то рӯзи 25-уми моҳи оянда пардохт карда мешавад.

    Барои содироти маҳсулоти чорво, парранда ва моҳиправарӣ субсидия ҷудо карда намешавад, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.