Вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи суд муҳокима шуданд

    Ҳукумат 14 Noyabr 2022 7587

    Президент Шавкат Мирзиёев 14 ноябр оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи таъмини адолат ҷамъомад баргузор намуд.

    Тақдири одамон, кори мураттаб ва пешрафти соҳаҳои гуногун аксаран ба фаъолияти судҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ҷиҳати таҳкими мустақилияти судҳо, таъмини беғаразӣ, адолат ва қонуният дар баррасии парвандаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар тӯли шаш соли охир беш аз 50 қонун, фармон ва қарорҳои марбут ба низоми суд қабул шуданд.

    Дар ин давра 4000 нафар беасос айбдоршудагон сафед карда, зиёда аз 26 000 нафар аз толори суд озод карда шуданд ва аз 47 000 нафар шаҳрвандон айбҳои аз ҷониби тафтишот гузошташуда бекор карда шуданд.

    Афзоиши эътимод ба низоми суд низ ба рушди иқтисод ва тиҷорат таъсир мерасонад. Аз ҷумла, дар давоми шаш сол шумораи корхонаҳо ду баробар афзуда, ба 530 ҳазор расид. Иқтисодиёт 39 миллиард доллар сармояи хориҷӣ гирифт. Ҳоло зиёда аз 15 ҳазор корхонаи хориҷӣ ва муштарак фаъолият дорад.

    Дар Стратегияи рушди кишвари мо ҳадафи татбиқи тамоюлҳои баробарии воқеӣ ва рақобатпазирии тарафҳо дар раванди судӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ ба адолати судӣ муайян шудааст. Бо назардошти ин масъулону мутахассисон мушкилотро дар маҳал омӯхта, бо мардум суҳбат карданд.

    Дар ҷамъомад мушкилоти муайянгардида таҳлил ва пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Зимнан зикр гардид, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна 1,5 миллион нафар ба судҳо муроҷиат мекунанд. Когазбозӣ бисёр аст, зеро судҳои вилоятӣ барои қабули қарорҳои одилона ба кадри кифоя масъулият зоҳир намекунанд. Масалан, аз аввали сол ба Суди олӣ 18 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки аз қарорҳои судҳои вилоятӣ норозӣ ҳастанд, муроҷиат кардаанд.

    Мурофиаҳои судӣ чун собиқа идома дорад. Обрӯи адвокатҳо паст аст. Муфаттишон дар болои худ кор намекунанд.

    Бо мақсади пешгирии дахолат ба кори суд муҳлати ваколати судяҳо дароз карда, ҳаҷми музди меҳнати онҳо хеле зиёд карда шуд. Ваколатҳои ба вазифа таъин кардани онҳо ба ихтиёри Шӯрои олии судяҳо вогузошта шудааст. Аммо дар ин масъала баъзе камбудиҳо мавҷуданд.

    Дар робита ба ин, Президент оид ба фароҳам овардани фазои рақобат дар судҳо, такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастурҳо дод.

    Вазифа гузошта шуд, ки масъулияти судҳои вилоятӣ баланд бардошта, лоиҳаҳои конунҳое тартиб дода шаванд, ки аз тарафи суд на танҳо бо хулосаи айбнома, балки бо хулосаи ҳимоятгар қабул карда шудани кори ҷиноиро пешбинӣ менамояд.

    Муҳим будани куллан ислоҳ намудани Мактаби олии судяҳо, омодакунии судяҳо оид ба муносибатҳои амвол, оилавӣ, андоз, меҳнат барои судҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ қайд гардид. Таклиф дар бораи пурзӯр намудани ваколатҳои мақомоти судӣ ва тадриҷан зиёд кардани шумораи судяҳо маъқул дониста шуд.

    Сарвари давлат оид ба вусъат додани рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани шароити мусоид барои мардум аз ҳисоби ҳамгироии мутақобилаи системаҳои иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир супоришот дод.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates