Сарвари давлат нахуст бо муаррифии техника ва таҷҳизоти маҳаллии соҳаи хоҷагии об шинос гардид.
Таъкид шуд, ки тавассути истеҳсоли технологияҳои сарфакунандаи об ва низомҳои муосири обёрӣ дар шароити маҳаллӣ метавон хароҷотро коҳиш дод, аз захираҳои об дар шароити тағйири иқлим оқилона истифода бурд ва талаботи деҳқонону аҳолиро сари вақт таъмин намуд.
Президент зарурати таваҷҷуҳи бештар ва пурзӯр намудани ҳамкори илмиро дар ин соҳа таъкид кард.
“Мактаби замини наздиҳавлигӣ” ба омӯзиши истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷорӣ намудани навъҳои сердаромади зироатҳо, коркард, нигоҳдорӣ ва бастабандии муосири маҳсулот ихтисос ёфтааст. Муассиса бо дастгирии молиявии бонкҳо фаъолият мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо барои соҳиби манбаи даромади устувор гардидани оилаҳои бекору камбизоат кӯмак расонида мешавад. Дар ин раванд асосҳои илмии деҳқонӣ, технологияҳои парвариши маҳсулоти сердаромад ва усулҳои муосири кишоварзӣ ба таври амалӣ омӯзонида мешаванд.
Мактабин инноватсионӣ ноҳияҳои Тирмиз, Музработ, Қизириқ, Бандихон, Ангор ва Ҷарқӯрғонро фаро гирифтааст. Дар таркиби он бинои таълимӣ, се гектар гармхона ва се гектар майдони таҷрибавӣ мавҷуд аст.
Дар гармхона зироатҳои ба иқлими Сурхондарё мутобиқшуда, аз ҷумла банан, папайя, розмарин, лаванда, лимӯ, анҷир, брокколи, қаламфури булғорӣ ва амсоли ин парвариш меёбанд. Ҳамчунин парвариши ниҳол ва гулҳо роҳандозӣ гардида, низоми обёрии қатрагӣ ҷорӣ шудааст.
Дар мактаб усули гирифтани се ҳосил дар як сол омӯзонида мешавад. Ба раванди таълим олимон, мутахассисон ва деҳқонони ботаҷриба ҷалб шудаанд.
То имрӯз тақрибан 1300 нафар аъзои оилаҳои бекору камбизоат курсҳои махсусро хатм карда, бо истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ё иҷоравӣ худро бо кор таъмин намудаанд. Ёрдамчиёни ҳоким ҳар моҳ 220 нафар ва дар як сол то 2700 нафар соҳибони замини наздиҳавлигӣ ва иҷораиро ба курсҳо расона менамоянд. Хароҷоти таҳсили шунавандагон тавассути низоми роҳхат ё ваучер ҷуброн карда мешавад.
Ба иштирокдорони курс методикаи кишти зироатҳои сердаромад ва аз як хол замин ба даст овардани даромади миёнаи 10–15 миллион сӯм ба таври амалӣ нишон дода мешавад.
Ширкатҳои “Агростар” шунавандагонро бо тухмӣ ва ниҳол таъмин намуда, хариди маҳсулоти истеҳсолшударо ба роҳ мемонанд.
Сарвари давлат бо таҷрибаи гирифтани се ҳосил аз замини наздиҳавлигии мактаб, муаррифии боғҳои саноатӣ ва технологияҳои сарфакунандаи об шинос шуд. Бо соҳибкороне, ки бо коркард ва содироти меваю сабзавот машғуланд, мулоқот намуда, аҳамияти густариши коркарди маҳсулот, эҷоди арзиши иловагӣ ва парвариши зироатҳои барои минтақа нав, аз ҷумла меваҳои ситрусӣ ва тропикӣ таъкид гардид.