Дар Сурхондарё маҷмӯи бузурги газу кимиё сохта мешавад

    Ҳукумат 16 Noyabr 2023 5141

    Президент Шавкат Мирзиёев бо рафти сохтмони маҷмӯи газу кимиёи "25-умин солгарди Истиқлолият" дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё шинос шуд.

    Дар ин ҷо якчанд даҳсола пеш кони газ кашф карда шуда буд. Аммо ба далели мушкили ҷуғрофиё ва набудани технологияҳои азмонавӣ дар он замон касе ҷуръат намекард, ки онро аз худ кунад.

    Ба шарофати азми Шавкат Мирзиёев дар ин самт қадамҳои амалӣ андешида шуданд. Сарвари давлат моҳи апрели соли 2019 ба ин ҷо омада, бо корҳои пешакии иктишофии геологӣ ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ шинос шуд. Сохтмони комбинат моҳи декабри ҳамон сол оғоз ёфт.

    Арзиши ин лоиҳа, ки аз ҷониби ширкати хориҷии "Surhan Gas Chemical Operating Company" амалӣ мешавад, 2,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Комплекс иқтидори тавлид ва коркарди 5 миллиард метри мукааб газро дар як сол хоҳад дошт.

    Дар ҳоли ҳозир барои азхудкунии кон як миллиарду 450 миллион доллар сармоягузорӣ шуда, корҳои пармакунӣ дар 20 чоҳ анҷом дода шудаанд. 11 чоҳи газ бомуваффакият озмуда шуд. Корҳои таҳкурсирезӣ ва сохтани конструксияҳои металлӣ қариб ба охир расидаанд.

    Лоиҳаҳо ва сохтмони завод дар асоси технологияҳои литсензияшудаи ширкати "Shell" амалӣ карда мешавад. Он ба талаботи навтарини экологӣ ҷавобгӯ буда, қодир аст 99 дарсади партовҳои зарарноки истеҳсолиро безарар созад. Дар ин корхона бори аввал дар кишварҳои ИДМ ин гуна таҷҳизот насб карда мешавад.

    Ҷиҳати муҳими дигар он аст, ки худи завод неруи барқ истеҳсол карда, сокинони маҳалро бо он таъмин мекунад.

    Сарвари давлатамон дар ин ҷо бо натиҷаҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва тадқиқоти сейсмикӣ шинос шуд. Бо сармоягузорон, мутахассисон ва бинокорон, ки дар коркарди кон иштирок доранд, суҳбат барпо гардид.

    - Ҳадафи асосӣ набояд фурӯши газ дар шакли ашёи хом, балки коркарди он ва истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловагӣ бошад. То ки сармоягузориҳо зуд ҷуброн шаванд ва корхона рақобатпазир бошад, бояд маҳсулоти ниҳоӣ сифатнок ва фоидаовар бошад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Вазифа гузошта шуд, ки қарори дахлдор таҳия карда шавад.

    Маҷмӯъ 20 километр дуртар аз шаҳри Бойсун ҷойгир аст. Ҳоло дар сохтмони он зиёда аз 7 ҳазор кас кор мекунад. Марҳилаи аввал моҳи майи соли оянда ба кор андохта шуда, соли 2025 ба иқтидори пуррааш мерасад.

    Завод ҳаштумин маҷмӯи газу кимиёи мамлакати мо, яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Сурхондарё хоҳад гардид. Ҳазорҳо ҳазор одамон бо кори сердаромад таъмин карда мешаванд.

    — Сокинони Бойсун бояд ҳис кунанд, ки дар ноҳияи онҳо чунин заводи азим сохта, ҳазорҳо ҷойи кор ба вуҷуд оварда шудааст. Акнун дар атрофи ин маҷмаа соҳаҳои ба ҳам алоқамандро инкишоф додан лозим аст, - гуфт Президент.

    Дар ин ҷо муаррифии лоиҳаи азхудкунии кони дигари дар Бойсун кашфшуда — сланеси нефть барпо гардид. Дар бораи имкониятҳои аз он гирифтани қувваи электр, нефту газ маълумот дода шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates