Пешниҳодҳои марбут ба соҳаи маориф баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 сентябр бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба рушди таълиму тарбияи томактабӣ ва такмили низоми кор бо ҷавонони лаёқатманд шинос шуд.

    Асосҳои тарбия ва ташаккули шахсият дар кӯдакӣ гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, давлат ба системаи таълими томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар давоми ҳафт соли охир дараҷаи фарогирии он аз 27 ба 74,6 фоиз афзуд. Дар панҷсолаи ҷорӣ ба 80 фоиз расондани ин рақам пешбинӣ шудааст.

    Дар баробари ин мазмуни таълиму тарбия низ аҳамияти калон дорад. Масъалаҳои бо воситаҳои таълимӣ-методӣ таъмин кардан, баланд бардоштани неруи муаллимон, ҷорӣ намудани усулҳои нав эътиборро тақозо мекунанд.

    Дар тақдимот пешниҳодҳое баррасӣ шуданд, ки ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълиму тарбияи томактабӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади васеъ намудани фарогирӣ дар ҳудуди мактабҳо дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ба сохтмони кӯдакистонҳо иҷозат дода мешавад.

    На ба ҳамаи кӯдакистонҳо маводҳои таълимӣ-методӣ, ки дар асоси барномаи давлатӣ тартиб дода шудаанд, дастрас аст. Муассисаҳои ғайридавлатӣ аз захираҳои интернетӣ истифода мебаранд. Дар робита ба ин, дар назар аст, ки тамоми барномаҳо дар вебсайти Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабӣ ҷойгир карда шуда, барои истифодаи ройгон дастрас карда шаванд.

    Дар таҷрибаи пешқадами хориҷӣ иқтидори зеҳнӣ ва маърифатӣ, ҳолати ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдакон пайваста зери назорати доимӣ қарор гирифта, раванди таълим дар асоси он танзим карда мешавад. Бо дарназардошти ин вазифаи дар низоми иттилоотии идоракунии таҳсилоти томактабӣ ҷорӣ кардани «Корти рушди кӯдак» гузошта шудааст.

    Аксарияти мураббиёни боғчаҳо маълумоти миёнаи махсус доранд. Давраи ҳозираи такмили ихтисос дар соҳа дар панҷ сол як маротиба аст. Барои тезонидани ин раванд байни курсҳои такмили ихтисос баргузор намудани чорабиниҳои “Соатҳои маҳорати методӣ” ва “Рӯзи маҳорати методӣ” дар назар аст. Инчунин, пешниҳод карда мешавад, ки дар муассисаҳои таълими олӣ шакли дуалии таълим ҷорӣ карда, квотаҳои мақсаднок ба таҳсилоти ғоибона ва шабона зиёд карда шавад.

    Имрӯз, давомот ва хароҷоти ғизо дар кӯдакистонҳои давлатӣ дар шакли коғаз ба расмият дароварда мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳисоботдиҳӣ бо истифода аз технологияи идентификатсияи биометрӣ рақамӣ карда шавад.

    Дар тақдимот инчунин тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонони болаёқат муҳокима шуданд.

    Дар солҳои охир системаи таълим ва хавасмандгардонии талабагон хеле тағйир ёфт. Агар соли 2022 мактаббачагони Ӯзбекистон дар олимпиадаҳои фаннӣ 45 медал ба даст оварда бошанд, имсол соҳиби 113 ҷоиза гардиданд. Дар баробари ин, неруи ҷавонони мо, ки қодир аст худро ба тамоми ҷаҳон маълум кунад, боз ҳам бузургтар аст.

    Барои ҳамаҷониба омода кардани он ва баланд бардоштани самаранокӣ аз синфҳои 5-8 интихоби иштирокчиён дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ муқаррар карда мешавад. Барномаҳои таълимӣ, адабиёт, тавсияҳои методӣ ва аёниятҳо оид ба ҳар як фан такмил дода, дастраси талабагон ва мураббиҳо мегарданд. Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар мутахассисони хориҷӣ ҷалб шуда, бо дастаҳои кишварҳои хориҷӣ ҷамъомадҳои муштараки омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

    Имрӯзҳо ба ғолибони 22 олимпиадаи фаннии байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда мешаванд. Қарор қабул шуд, ки ин рӯйхат то 28 адад васеъ карда шавад. Мукофоти пулӣ ва туҳфаҳо ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омадаанд, омӯзгорони онҳо ва сардорони дастаҳо аз андози даромад озод карда мешаванд.

    Сарвари давлат дастур дод, ки пешниҳодҳоро бодиққат омӯхта, ҳамаҷониба такмил диҳем.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates