Тошканд рӯзномаи рушди ҳамбастагии нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказиро ташаккул медиҳад

    Нақлиёт 27 Oktabr 2022 1539

    26-27 октябр дар Тошканд ҷаласаи 27-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба рушди алоқаи нақлиётӣ ва логистикӣ дар минтақа баргузор мешавад.

    Дар рӯзи аввали чорабинӣ иштирокчиёни вохӯрӣ таъсири пандемияи COVID-19 ба минтақаи СПЕКА, усулҳои рафъи чунин мушкилот, инчунин лоиҳаҳо ва ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётиро баррасӣ карданд.

    Намояндагони Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар заминаи ташкил самарабахш ва идораи инфрасохтори роҳи нақлиёти автомобилӣ ва оҳан, нақлиёти ҳавоӣ табодули таҷриба намуда, дар мавриди рушди долонҳои мавҷуд ва нави нақлиётӣ дар минтақа ба мувофиқа расиданд.

    Дар ҷараёни ин чорабинӣ намояндагони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо изҳор доштанд, ки омодагии худро барои расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои СПЕКА ҷиҳати беҳбуди инфрасохтор, таъмини бехатарии роҳ ва рушди долонҳои байналмилалӣ эълон карданд.

    27 октябр дар доираи чорабинӣ баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии СММ дар соҳаи нақлиёт, стандартҳои нақлиётию тиҷоратӣ, дурнамои рақамикунонии соҳа ва масъалаҳои дигар дар назар аст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates