Тошкент ва Боку ҳамкории маданиро вусъат медиҳанд

    Фарҳанг 24 May 2023 1753

    Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими Тошканд Шавкат Умурзоқов ҳайати вакилонро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии кор бо диаспораи Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Мурадов ба ҳузур пазируфт.

    Дар оғози мулоқот, ки дар вазъияти дӯстона гузашт, Ш.Умурзоқов ба меҳмонон барои ташрифашон миннатдорӣ баён карда, ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди ходими машҳури сиёсӣ ва ҷамъиятии Озарбойҷон Гейдар Алиев, ки ба қарибӣ барпо гардид, табрик намуд.

    Вай бо таъкид ба рушди босуръати равобити дуҷониба дар заминаи асноду тавофуқномаҳое, ки дар вохӯриҳои сатҳи олии сарони ду давлат ба имзо расидаанд, изҳор дошт, ки дар бахшҳои иқтисод, хидматрасонӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, маориф ва ғайра имконоти бузурги истифоданашуда мавҷуданд. Аз ҷумла, барои суръат бахшидан ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ӯ пешниҳод кард, ки Рӯзҳои Боку дар Тошканд ва Рӯзҳои Тошканд дар Боку баргузор шаванд. Дар навбати худ Ф.Муродов барои пазироӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи ободонӣ ва кабудизоркунии пойтахти мо баҳои баланд дода, барои эҳтирому таваҷҷуҳ ба фарҳанги Озарбойҷон ва беш аз 40 ҳазор нафар озарбойҷонони сокини пойтахт изҳори сипос кард.

    Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи амалӣ, густариши муносибатҳои дӯстона ва шарикиро идома диҳанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates