Аввалин қадамҳо барои нигоҳ доштани қишрҳои фарҳангии маҳаллаҳои Шаҳри кӯҳна ҳанӯз соли 2019, вақте ки лоиҳаи “Маҳалла: ҳаёти шаҳр ва деҳот” пайдо шуда буд, дар меъмории Биенналеи 17-уми Венетсия гузошта шуданд.
Иштироки дебютии Ӯзбекистон дар биеннале нақши ҳалкунанда бозид, зеро лоиҳаи маҳалла дар макони яке аз маъруфтарин анҷуманҳои санъати ҷаҳонӣ мавзӯи мубоҳисаҳои байналмилалӣ гардид ва дар байни тамошобинон, инчунин мутахассисон ва матбуоти хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд пайдо кард.
Ҳомиёни лоиҳаи намоишгоҳ Эмануэл Крист ва Кристоф Гантенбейн, профессорҳои Мактаби олии техникии ETH-и Сюрих буданд, аксбардори голландӣ Бас Принсен бошад, падидаи маҳалларо ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.
Минбаъд Бунёди рушди фарҳанг ва санъат бо мусоидати Комиссияи миллии ЮНЕСКО ва Донишкадаи байналмилалии тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ гурӯҳи беназири олимон, коршиносон, меъморону муҳаққиқони варзидаро гирдиҳам овард, ки он тадқиқоти васеъмиқёси маҳаллаҳои шаҳри Тошкандро ба роҳ монд.
Ба андешаи мо, маҳалла таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби ҷомеаи байналмилаӣ ҳамчун роҳи эҳёи меъмории экологӣ, усули ҳифзи арзишҳои ҷомеа, қадриятҳои иҷтимоӣ ва ҳамзамон ҳамчун роҳи ҳалли мушкилоти оммавии урбанизатсияи шаҳрҳои муосир қабул карда шудааст.
Ба Феҳрасти пешакии Мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудани маҳаллаҳои Тошканд имкони минбаъд ба Феҳристи Мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани онҳоро фароҳам меорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Фонди рушд ва фарҳанги Ӯзбекистон.