“Ба мақсади фароҳам овардани қулайӣ барои мусофирони метрополитен, минбаъд баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, аз 1 июни соли 20223 вестибюлҳои дуюми (даромад ва баромад) истгоҳҳои метрои “Ҳамид Олимжон”, “Пушкин”, “Мирзо Улуғбек”, “Ойбек”, “Беруний”, “Абдулла Қодирий”, “Новза”, “Тошканд”, “Космонавтлар”, “Чорсу”, “Тинчлик”, “Туркистон”, “Шаҳристон”, “Бодомзор” ва “Минор” ба мусофирон аз субҳи 05:00 то 00:00-и шабона хидмат хоҳад расонд», — хабар медиҳад хидмати матбуоти метро.
Гуфта мешавад, ки қаблан вестибюли дуюми ин истгоҳҳо аз соати 07:00 то 19:00 кор мекарданд.