Дар доираи сафар маҷмӯи зиёди ҳуҷҷатҳо имзо шуданд

    Ҳукумат 5 Oktabr 2021 3036

    Баъди анҷоми гуфтушунидҳо маросими имзогузорӣ ба ҳуҷҷатҳо баргузор шуд. Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон Изҳороти муштарак қабул карданд, ки дар он натҷаҳои асосии вохӯрӣ дар сатҳи олӣ инъикос гардиданд, пешомади самтҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии ӯзбекистониву туркманистонӣ муайян карда шуд.

    Бо иштироки сарони давлатҳо ҳамчунин табодули ҳуҷҷатҳои баимзорасидаи байни роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва минтақаҳои ду мамлакат ба амал омад. Дар байни онҳо Шартнома дар бораи ташкил кардан ва ба танзим овардани фаъолияти минтақаи савдои наздисарҳадии ӯзбекистониву туркманистонӣ, ки ташкил намудани Маркази савдоро дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ пешбинӣ менамояд, Муоҳида дар бораи зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол ва вусъат додани робитаҳои шарикии барои ҳар ду ҷониб муфиди байни корхонаҳо ва ширкатҳо, Ҳуҷҷат дар бораи ба роҳ мондани табодули ахбори пешакӣ дар бораи молҳо ва воситаҳои нақлиётие, ки аз тариқи сарҳади гумрукӣ мегузаранд, ҳастанд.

    Муоҳида дар бораи сабук кардани чорабиниҳои раводид барои намояндагони доираҳои корчаллон ва Ҳуҷҷат дар бораи дохил кардани иловаҳо ба Муоҳида оид ба сафарҳои тарафайни шаҳрвандон аз 19 ноябри соли 2004, бешубҳа, ба соҳибкорони ду мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам меоваранд ва ба таҳкими ризоияти байнимиллӣ хидмат мекунанд.

    Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои муҳим бинобар минбаъд вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, боркашонии транзитӣ, технологияҳои сарфакунандаи об, ҳамчунин адлия, ҳифзи иҷтимоӣ, омор, карантин ва муҳофизати рустаниҳо, илм ва фарҳанг ба имзо расиданд.

    Умуман дар доираи сафар 23 ҳуҷҷат, ки амалан тамоми самтҳои ҳамкории тарафайни бисёрҷанбаи ӯзбекистониву туркманистониро фаро мегиранд, имзо шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates