Барои мамлакатамон диверсификатсияи хатсайрҳои нақлиётӣ барои зуд ва бемамониат баромадан ба бозорҳои ҷаҳон хеле муҳим аст. Роҳбари давлат ин масъаларо ҳамеша дар чорабиниҳои байналхалқӣ ба миён мегузорад ва дар ҳалли амалии он ташаббус зоҳир менамояд. Ба туфайли аҳду паймон бо шарикони хориҷӣ кор бобати лоиҳаҳо суръат пайдо мекунад. Яке аз онҳо сохтмони 454 километраи роҳи оҳани «Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин» мебошад. Тавре ки маълум аст, 14 сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд Меморандуми сеҷониба дар бораи ҳусни тафоҳум аз рӯи лоиҳаи мазкур ба имзо расида буд. Моҳи ноябр тадқиқотҳои саҳроӣ аз ҷониби Институти якуми лоиҳавиву тадқиқотии Чин баргузор гардида буд.
Зимни гузориш шахсони масъул дар бораи кори банақшагирифта нақл карданд. Аз он ҷумла, идораи лоиҳа дар Бишкек ташкил хоҳад гардид. Шакл ва тартиби идораи лоиҳа муҳокима гардида, бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ гуфтугӯҳо анҷом дода мешаванд. Умуман, то 1 июн омода намудани асосҳои техникиву иқтисодии лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Боз як лоиҳаи минтақавӣ роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар» ба шумор меравад. Бинобар он пешравиҳои назаррас новобаста аз вазъияти мураккаб дар Афғонистон ба чашм мерасанд.
Аз он ҷумла, тобистони имсол экспедитсияи тадқиқотӣ аз шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон то шаҳри Торхами Покистон ташкил карда шуда буд.
Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳа сохтмони 765 километр роҳи оҳан ба нақша гирифта шудааст. Соли оянда ташкили идораи лоиҳа, ҷалби ширкати консалтингии байналхалқӣ, баргузор намудани мулоқотҳо бо сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Дар поёни он асосҳои техникиву иқтисодии лоиҳа омода хоҳанд гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев ин нақшаҳоро дастгирӣ намуд ва таҳияи «нақшаҳои роҳ»-ро дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои шарик супориш дод.
Сохтмони ин хатҳои роҳи оҳан коммуникатсияи нақлиётиро диверсификатсия намуда, имконоти логистикии Ӯзбекистонро ба маротиб афзоиш медиҳад.