Дар ин бора Департаменти таъмини бехатарӣ дар иншооти нақлиёт ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар километри 592-юми байни истгоҳҳои "Берунӣ-Бадай", дар панҷараи 6-уми гузаргоҳи роҳи оҳан, ки посбон надорад, рух додааст. Мошини боркаши тамғаи “CHANGAN”, рақами давлатиаш 80 200 ABA ҳангоми убур аз роҳи оҳан бо тиркамааш ба тарафи тепловози қатора бархӯрдааст. Дар натиҷа, ҷуфти чархи пеши тепловоз аз роҳи оҳан берун шудааст.
Дар қатори мусофирбар, ки бо ёрии тепловози таҳти рақами 101 аз депои локомотивии Қӯнғирот ҳаракат мекард, 8 вагон ва 150 мусофир будааст.
Дар миёни мусофирон талафот ё осебҳои ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст, гуфта мешавад дар хабар. Ҳама мусофирон ба автобусҳо нишонда шуда, ба манзили худ интиқол ёфтанд.
Соати 17:29 носозии техникӣ бартараф гардида, қатора ҳаракати худро ба самти истгоҳи Берунӣ идома додааст.
Ҳоло аз рӯйи ин ҳолат корҳои тафтишоти то ба суд идома дорад.








