Дар Тирмиз Маркази байналмилалии тиҷоратӣ сохта мешавад

    Ҳукумат 1 Iyun 2021 6451

    Президент Шавкат Мирзиёев бо нақшаи генералии Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз шинос шуд.

    Барои ин марказ дар ҳудуди Тирмиз 26 гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар маркази арзиши умумиаш 75 миллион доллар терминалҳо оид ба қабул, нигоҳдорӣ, коркард, ҷобаҷокунӣ ва бастабандӣ, инчунин фурӯши маҳсулот ҷойгир карда хоҳанд шуд. Тамоми инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

    Тибқи лоиҳа, маҷмаа дорои 1800 нуқтаи савдо, маркази логистикӣ бо ғунҷоиши 50 000, ду меҳмонхона бо 400 кат, беморхонаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии мошинҳо хоҳад буд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ошёнаҳои якуми биноҳо мағозаҳо ва дар дувум корхонаҳои саноати сабук ҷойгир карда шаванд.

    Бинобар ҳисобу китобҳо, гардиши солонаи моли Маркази байналмилалии тиҷоратӣ 500 миллион доллар ва ҳаҷми хидматрасонӣ 10 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Содирот ба маблағи 192 миллион доллар аз марказ мегузарад.

    Барои оғози сохтмони марказ аз Фонди таҷдид ва рушд 10 миллион доллар ҷудо карда шудааст

    Сарвари давлат супориш дод, ки биноҳои марказро аз иншоотҳои сабук сохта, соҳибкорони вилоятро барои хидматрасонӣ ба марказ ва содирот ҷалб намуда, инчунин барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шаванд. Зарурияти бо назардошти таҷрибаи дар ин ҷо ғанигардида ташкил кардани чунин марказҳои тиҷоратӣ дар минтақаҳои бо кишварҳои ҳамсоя ҳаммарз қайд гардид.

    Ба истифода додани Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз дар соли 2022 ба назар гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates