Дар ин чорабинӣ, ки таҳти раёсатии Президенти ИМА Доналд Трамп сурат гирифт, инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок намуданд.
Президенти Ӯзбекистон ба роҳбари ИМА барои ташкили саммити «С5+1», ки дар тӯли даҳ соли таъсисёбиаш ба механизми муассири рушди савдои минтақавӣ, робитаҳои нақлиётиву энергетикӣ табдил ёфтааст, изҳори сипос кард. Таъкид шуд, ки саммити имсола марҳилаи нави рушди муколамаи стратегии миёни Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро боз мекунад.
Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи формати «С5+1» Сарвари кишвари мо як қатор пешниҳодҳо ироа намуд.
Пеш аз ҳама пешниҳод шуд, ки Дабирхонаи доимамалкунанда таъсис дода шавад, ки он ба таври ротатсионӣ дар кишварҳои иштироккунанда ҷойгир мегардад.
Зарурати таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии сармоягузорӣ ва савдо дар сатҳи вазирон барои таъмини муколамаи мунтазам миёни идораҳои давлатӣ, ширкатҳо ва муассисаҳои молиявӣ зикр гардид. Ҳамчунин, аҳамияти таъсиси Фонди «Шарикии сармоягузории Осиёи Марказӣ» таъкид гардид.
Роҳбарони Ӯзбекистон омодагии худро барои ҳамкории фаъол бо ИМА ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ, ки Осиёи Марказиро бо Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупо мепайвандад, изҳор дошт.
Пешниҳод шуд, ки Кумитаи махсус барои ҳамоҳангсозии самараноки корҳои иктишоф, истихроҷ ва коркарди амиқи минералҳои ҳаётан муҳим, инчунин пешбурди маҳсулоти тайёр дар занҷирҳои ҷаҳонии таъминот таъсис дода шавад.
Бо мақсади навсозии кишоварзии минтақа бо ҷорӣ кардани технологияҳои амрикоӣ ташаббуси таъсиси Шарикии минтақавии инноватсияҳои агротехнологӣ пешниҳод гардид.
Бо ҳадафи таҳкими робитаҳои гуманитарӣ Президенти Ӯзбекистон бо пешниҳоди ташкили намоишгоҳҳои муштарак бахшида ба мероси фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар осорхонаҳои пешқадами ИМА баромад кард.
Роҳбари давлати мо пешниҳод намуд, ки саммити навбатӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад.
Дар чорабинӣ роҳбарони дигар низ суханронӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои саммит як қатор ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба қабул гардиданд.












