Муаррифии лоиҳаҳои сохтмони марказҳои тиббӣ ба амал омад

    Ҳукумат 29 Noyabr 2021 3780

    Президент Шавкат Мирзиёев 29 ноябр бо муаррифии лоиҳаҳои сохтмони марказҳои тиббии онкология ва эндокринология шинос шуд.

    Пешгирӣ ва табобати бемориҳои онкологӣ ва эндокринологӣ дар фаъолияти системаи тандурустӣ, ки ба таъмини умри дароз ва босифати инсон, нигоҳ доштани генофонди солим нигаронида шудааст, ҷои муҳимро ишғол мекунад. Таҳлили муроҷиатҳо ба муассисаҳои тиббӣ ва тадқиқотҳо дар маҳалҳо зиёд шудани бемориҳоро нишон медиҳад. Зимнан, пойгоҳи моддию техникии марказҳои махсуси ҷумҳуриявӣ ба талаб ҷавоб дода наметавонад.

    Сарвари давлат моҳи майи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳо дар соҳа аз Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии онкология ва радиология дидан кард. Дар натиҷаи боздид 27 май қарори Президент “Дар бораи боз ҳам такмил додани низоми хидматрасонии гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ” қабул гардид. Ҳуҷҷат барои Маркази тиббии ҷумҳуриявии онкология ва радиология биноҳои навро пешбинӣ мекунад.

    Лоиҳаи иншоот бо назардошти таҷрибаи пешқадами клиникаҳои хориҷӣ таҳия шуда, дар он барои муолиҷакунандагон ва беморон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Баъдтар лоиҳа бо назардошти фикру мулоҳизаҳо ва эродҳои дар баромадҳои Президент баёнгардида такмил дода шуд.

    Бинои нав аз 10 ошёна ва як қисми зеризаминии сесатҳа иборат буда, дар он ҷо ҷойгир кардани шӯъбаҳои радиология ва терапияи радиатсионӣ, томографияи позитрон-эмиссионӣ, тадқиқоти радиоизотопӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар марказ усулҳои нави табобат, аз қабили иммунотерапия, терапияи мақсаднок, терапия дар хати тақвиятдиҳанда ва терапияи стереотоксикии радиатсионӣ, радиоҷарроҳӣ гузошта мешаванд. Бинои нав дар ҳудуди клиникаи дуюми Академияи тиббии Тошканд ҷойгир хоҳад шуд.

    Маркази тиббии ҷумҳуриявии эндокринология яке аз муассисаҳои илмию амалии дорои иқтидори бузурги тадқиқотӣ, ташхис ва табобат мебошад. Он статсионари дорои 288 кат ва поликлиникаи маслиҳатию ташхисӣ дорад, ки дар як шабонаруз 250 касро кабул мекунад. Бинои ҳозираи марказ соли 1974 сохта шуда, заминаи моддию техникии он кӯҳна шудааст.

    Ба ин муносибат барои муассиса дар заминаи клиникаи якуми Академияи тиббии Тошканд бунёди маҷмӯи нав дар назар аст. Ин имкон медиҳад, ки шароити марказ беҳтар ва доираи хизматрасонӣ васеъ шавад. Аз чумла, агар имрӯз дар маркази эндокринологӣ 14 шуъба мавчуд бошад, дар комплекси нав боз 14 шуъбаи дигар кушода мешавад.

    Президент лоиҳаҳоро маъқул дониста, зарурати ташкили дурусти кор ва ба сифати хизматрасонии тиббӣ таваҷҷӯҳ доданро таъкид намуд. Барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба марказҳо, бозомӯзии табибон дар асоси дастовардҳои муосири тибби ҷаҳонӣ, ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмӣ супоришҳо дода шуданд. Дар баробари сохтмони марказҳои ҷумҳуриявӣ бояд шароитро дар диспансеру поликлиникаҳои минтақавӣ беҳтар гардонд, онҳоро бо таҷҳизоти ҳозиразамони ташхис муҷаҳҳаз гардонд, ихтисоси духтуронро такмил дод, қайд карда шуд дар ҷамъомад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates