Президент Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона пешвоз гирифта, ӯро ба шоҳсуфа даъват намуд.
Парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост. Бо иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон садо доданд.
Сарони давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузаштанд ва аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксбардории муштарак музокироти Президенти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.