Ин корхона, ки “WBM Fabrics” ном дорад, марҳилаи навбатии занҷири коркард мебошад. Дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 50 миллион доллар иншооти замонавии саноатӣ бунёд гардида, дар он таҷҳизоти баландтехнологии Италия ва Олмон насб карда шуд. Рангкунии матоъ ва гуландозӣ роҳандозӣ гардид. Корхона иқтидори истеҳсоли 24 ҳазор тонна чунин маҳсулоти харидоргирро дар як сол дорад. Дар доираи лоиҳа 600 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Боз як ҷиҳати молики аҳамият, дар маҷмаа иншооти замонавии обтозакунӣ, ки аз Италия оварда шудааст, бунёд гардидааст. Дар он оби техникие, ки аз коргоҳи рангубор мебарояд, тоза гардида, аз нав истифода мешавад. Ин дар сарфакорӣ ва таъмини устувории экологӣ нақши муҳим дорад.
Сарвари давлат аз раванди кор дар корхона дидан кард ва бо коршиносон мулоқот намуд. Дар бораи масъалаҳои истифодаи босамари майдонҳои истеҳсолӣ, кам кардани арзиши аслӣ аз ҳисоби сарфаи барқ, такмили таҷрибаи касбии кормандон ҳарф заданд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти корхона барои бозори хориҷӣ ихтисосонида шудааст ва ҳаҷми содироти солона 55 миллион долларо ташкил мекунад.
Дар вилояти Андиҷон саноати бофандагӣ босуръат рушд мекунад. Дар системаи кластери замонавӣ коркарди амиқи пахта, ки дар минтақа парвариш шудааст, вусъат меёбад. Ҳиссаи вилоят дар саноати бофандагии ҷумҳурӣ 16,5 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2024 дар Андиҷон маҳсулоти бофандагӣ ба маблағи 20 триллион сӯм истеҳсол шуда, мол ба маблағи 488 миллион доллар содир шудааст, ки 42 фоизи ҳаҷми умумии содироти вилоятро ташкил медиҳад.









