Натиҷаҳое, ки соли ҷорӣ дар соҳа ба даст омаданд, динамикаи афзоиши истеҳсол ва содирот, инчунин нақшаҳои ҳадафманд барои соли 2026 баррасӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсол дар саноати нассоҷӣ 134 триллион сӯмро ташкил кардааст. Ҳаҷми азхудкунии сармоягузориҳои хориҷӣ 2,1 ба миллиард доллар расидааст. Ҳаҷми содирот бошад, 2,5 миллиард долларро ташкил карда, нисбат ба соли гузашта афзоиш таъмин гардид. Зикр гардид, ки шумораи аҳолии машғули кор дар соҳа ба 623 ҳазор нафар расида, имкони то 650 ҳазор нафар расондани ин нишондиҳанда дар соли оянда мавҷуд аст.

Дар соли 2026 боз ҳам амиқтар коркард кардани ашёи хоми пахта ва баланд бардоштани сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсоли газвор, трикотаж ва маҳсулоти тайёр дар назар аст. Ҳадаф гузошта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол ба 147 триллион сӯм ва содирот ба 3,3 миллиард доллар расонда шавад.

Ба соҳа ҷалби 2,2 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа, иқтидорҳои иловагӣ барои истеҳсоли 207 ҳазор тонна нахи синтетикӣ ва омехта, 397 миллион метри мураббаъ газвор, 224 миллион дона маҳсулоти дӯзандагӣ-трикотажӣ ва рангкунии 108 миллион метри мураббаъ мато бунёд карда мешаванд.

Ҳамзамон, баъзе омилҳое, ки ба рушди устувори соҳа монеъ мешаванд, низ зикр гардиданд. Бахусус, қисме аз талабот ба нахи пахта аз ҳисоби воридот қонеъ мегардад, арзиши захираҳои молиявӣ баланд аст, хароҷоти логистика дар бозорҳои хориҷӣ афзоиш ёфта, дар баъзе самтҳо норасоии мутахассисони соҳибихтисос ба назар мерасад, ки ин масъалаҳо ҳамчун вазифаҳои муҳими пешорӯи соҳа зикр шуданд.

Бо мақсади ҳалли ин мушкилот барои соли 2026 чорабиниҳои мушаххас таҳия шудаанд. Аз ҷумла, барои маблағҳои гардишӣ ба корхонаҳо ҷудо кардани 200 миллион доллар кредити имтиёзнок, аз ҷиҳати молиявӣ солимгардонии 138 корхона ва ҷалби 100 корхонаи нав ба фаъолияти содиротӣ дар назар аст.

Ба ҷорӣ намудани стандарт ва сертификатсияҳои байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад. Дар 60 корхона барномаҳое чун “Better Work”, “BCI”, “FWF”, “Organic EU” татбиқ мегарданд, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар 15 корхона роҳандозӣ мешаванд. Инчунин, лабораторияи муосири нассоҷӣ барои гузаронидани 24 навъи таҳлили сифати маҳсулоти тайёр таъсис дода мешавад.

Тавассути суръат бахшидани рақамисозӣ, ҷорӣ намудани системаҳои ERP ва технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳа баланд бардоштани самаранокии истеҳсол пешбинӣ шудааст. Ба ин раванд 40 корхона ҷалб мегардад.

Дар доираи густариши ҳамкориҳои хориҷӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии сорсинг ва брендҳои бузург, иштирок дар таҳқиқоти маркетингӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин ҳавасмандгардонии релокатсияи корхонаҳои хориҷӣ нақшаҳои мушаххас муайян гардиданд.

Сарвари давлат равишҳои пешниҳодшударо маъқул дониста, дар назди масъулон ҷиҳати пайваста зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти тайёр, коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот ва пурра ба кор андохтани иқтидори сармоягузорӣ ва содирот дар соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид шуд, ки ҳамаи чорабиниҳо бояд ба соҳаи дорои низоми устувор, рақобатпазир ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ табдил додани шабака хидмат намоянд.