Ҳамзамон, ҳиссаи кишварҳои ИДМ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ бинобар ҷамъбасти моҳи январи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7,5 фоиз кам шуда, ҳиссаи кишварҳои дигари хориҷӣ мутаносибан 7,5 фоиз афзуда, 65,5 фоизро ташкил дод.
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ дар моҳи январи соли ҷорӣ 6,0 фоиз афзуда, 1,4 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ин: содирот 8,1 фоиз афзуда, 524,4 миллион долларро ва воридот 4,8 фоиз афзуда, 923,8 миллиард долларро ташкил дод.
Дар гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ саҳми бештарро инҳо ишғол кардаанд: Русия (53%), Қазоқистон (19%), Туркманистон (4%) ва Қирғизистон (3%).