AliExpress пардохтҳо барои харидҳо бо кортҳои Uzcard/Humo ба роҳ монда, интиқолро ба Ӯзбекистон тезонд

    Тиҷорат 21 Dekabr 2023 2009

    Минбаъд функсияи пардохт бо кортҳои Uzcard ва Humo барои ҳама корбарон дастрас аст ва мӯҳлати миёнаи интиқол то 14 рӯз кам шудааст.

    Дар моҳи декабр AliExpress раванди пайваст кардани системаҳои пардохтии UZCard ва Humo-ро ба анҷом расонд ва акнун ҳамаи сокинони Ӯзбекистон метавонанд бо ин кортҳо барои фармоиш пардохт кунанд. Пардохт барои харид бо пули миллйӣ — сӯм анҷом дода мешавад.

    AliExpress инчунин мӯҳлати интиқоли фармоишҳоро аз Чин ба Ӯзбекистон тавассути парвозҳои мустақим коҳиш додааст. Мӯҳлати миёнаи қабули фиристода то 14 рӯз кам шуд.

    Барои маълумот: AliExpress бузургтарин платформаи онлайн дар ИДМ оид ба фурӯши молҳои истеъмолии Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Номгӯи маркетплейс тақрибан 200 миллион SPU (воҳидҳои нодири маҳсулот ба истиснои рангҳо ва андозаҳо) бо интиқол аз Чин ва дигар кишварҳо мебошад. Шумораи умумии фурӯшандагон дар AliExpress тақрибан 300 ҳазор аст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates