Чораҳо оид ба такмил додани низоми таъминоти гармӣ дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 2 Avgust 2021 2516

    Президент Шавкат Мирзиёев 2 август бо тақдимоти лоиҳа оид ба навсозии низоми таъминоти гармии Тошканд шинос шуд.

    Таъмини гармӣ зиндагии осудаи аҳолӣ ва кори пурсамари корхонаю ташкилотҳоро таъмин мекунад. Дар мамлакати мо барои такмил додани ин система пайваста корҳо татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ шабакаи таъминоти мутамаркази гармӣ дар Андиҷон, Бухоро, Самарқанд ва Чирчиқ таҷдид карда мешаванд. Аз соли ҷорӣ сар карда низоми таъмини гармии манзилҳои бисёрутоқа дар Нуқус, Андиҷон, Бухоро, Ҷиззах, Қаршӣ, Навоӣ, Намангон, Самарқанд, Тирмиз, Гулистон, Урганҷ, Фарғона, Чирчиқ ва Ангрен ба ширкатҳои идоракуниву хидматгузорӣ дода мешаванд.

    Тошканд ҳам аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ҳам андозаи шабакаҳои таъминоти гармӣ бузургтарин шаҳри кишвар аст. Дар ин ҷо 9 165 бинои бисёрқабата, 3 475 иншооти иҷтимоӣ ба гармидиҳии марказонидашуда пайваст карда шудаанд. Аммо 72 фоизи шабакаҳои асосӣ ва тақсимотӣ, ҳамаи дегхонаҳои марказӣ ва 90 фоизи дегхонаҳои маҳаллӣ фарсуда шудаанд.

    Ин боиси хароҷоти зиёд ва паст шудани сифати хидматрасонӣ мегардад. Масалан, соли гузашта талафоти энергияи гармӣ ба 44 фоиз расид, ки ба ҳисоби пулӣ 630 миллиард сӯмро ташкил дод. 460 миллион метри мукааб гази табиӣ, 55 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ ва 154 миллион киловатт нерӯи барқ ​​барзиёд сарф шудааст.

    Дар натиҷа, дар корхонаи воҳиди давлатии "Тошиссиққуввати" қарздории баланд ба вуҷуд омадааст. Сифати пасти таъминоти гармӣ боиси сарзанишҳои ҷиддии аҳолӣ мегардад.

    Ба ҳамин муносибат, декабри соли 2019 қарори Президент "Дар бораи минбаъд такмил додани низоми таъминоти гармии шаҳри Тошканд " қабул шуда буд, ки дар он оиди ба низом ҷорӣ намудани тамоюлҳои бозаргонӣ ва механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ вазифаҳо муайян шудаанд.

    Пештар аз ҷониби ҳокимияти Тошканд консепсияи лоиҳа тайёр шуда, озмуни пешниҳодҳо барои татбиқи он эълон шуда буд. Тибқи хулосаи Бонки рушди Осиё лоиҳаи ширкати фаронсавии Veolia, ки дар идоракунии системаҳои таъминоти гармӣ дар шаҳрҳои Лаҳистон, Чехия, Руминия, Литва ва Олмон таҷриба дорад, аз ҳама самаранок эътироф гардид.

    Дар рӯзҳои наздик ба имзо расондани созишнома дар бораи шарикии давлатию хусусӣ байни ҳокимияти пойтахт ва ин ширкат дар назар аст.

    Барои татбиқи лоиҳа 315 миллион евро маблағҳои худи Veolia ва 1 миллиарду 80 миллион евро аз ҳисоби даромадҳое, ки дар давоми татбиқи лоиҳа ба даст меоянд, равона карда хоҳад шуд.

    Навсозии 181 дегхона, насби 28 ҳазор нуқтаи гармидиҳӣ, таҷдиди 841 километр шабакаҳои мавҷуда ва кашидани 576 километр шабакаҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, 391 адад техникаи махсус ва дигар таҷҳизот харидорӣ карда мешавад. Ҷорӣ намудани низоми байналмилалии аудити техникӣ ва биллинг пешбинӣ шудааст.

    Дар маросими тақдимот вазифа гузошта шуд, ки пеш аз ҳама методологияи таъмини расондани хизмати таъминоти гармӣ дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ таҳия карда шавад.

    Президент таъкид намуд, ки ба тариқи намуна дар яке аз мавзеҳои Тошканд лоиҳаи пешниҳодшаванда ҷорӣ карда, самарабахшиашро аз таҷриба гузаронда ва бинобар натиҷа қарори ҳамаҷониба дақиқ қабул карда шавад.

    Пеш аз ба ихтиёри ширкати хориҷӣ додан гузарондани инвентаризатсияи молу мулк ва биноҳои тобеи корхонаи воҳиди давлатии «Тошиссиққуввати», аудити техникӣ ва энергетикии низоми таъмини гармии биноҳои истиқоматӣ ба назар гирифта шудааст.

    Супориш дода шуд, ки Фонди рушди низоми таъминоти гармӣ таъсис дода шавад. Зиёда аз 10% фоидаи софи дар доираи лоиҳа бадастомада ба ин фонд гузаронида мешавад.

    Зарурати хариди техникаҳои махсус, таҷҳизот ва масолеҳ бо нархҳои арзон, бо роҳи гузарондани тендери кушод мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи харидҳои давлатӣ зикр гардид.

    Муҳимияти якҷоя бо ширкати Veolia ташкил кардани курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони ватанӣ таъкид карда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates