Ин нишаст яке аз рӯйдодҳои муҳими раисии Ӯзбекистон дар СҲШ мебошад.

Дар чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, инчунин Котиби генералии СҲШ ва директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ ширкат мекунанд.

Дар чаҳорчӯби ҷамъомад ба масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Самарқанд, ки 15-16 сентябри соли 2022 баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Интизор меравад, ки бастаи устувори ҳуҷҷатҳои Ҳамоиши  навбатии СҲШ тасдиқ шавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дар байни онҳо лоиҳаҳои Нақшаи маҷмӯии татбиқи Шартнома дар бораи  некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуҳлат, Консепсияи ҳамкорӣ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва фароҳам овардани даҳлезҳои самарабахши нақлиётӣ, Барномаи ҳавасмандгардонии кооператсияи саноатӣ байни доираҳои соҳибкорӣ, Низомнома дар бораи унвони фахрии «Сафири иродаи неки СҲШ» ва ғайра, ки бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон таҳия шудаанд, мебошанд.

Дархостҳои воридшуда барои гирифтани мақоми давлати узв, давлати нозир ва шарики муколамаи СҲШ баррасӣ хоҳанд шуд.

Вазирон инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, густариши робитаҳои институтсионалии он бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Илова бар ин, банди муҳими рӯзномаи ҷаласаи вазирон табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад буд.