Аз Тошканд ба Хоҷикент поезди нави барқӣ ба роҳ монда шуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 декабр бо қатораи нави электрикӣ барои хатсайри Тошканд – Ҳоҷикент шинос шуд.

    Мутобиқи қарори сарвари давлат аз 10 октябри соли гузашта ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йуллари» дар ҳолати трансформатсия қарор дорад. Дар доираи он шаш корхонаи мустақил таъсис ёфтаанд, ки бо инфрасохтор, хизматрасонии вагонҳо ва ҳамлу нақли мусофирон машғуланд.

    Ҳамчунин, парки қатораҳо васеъ мегардад. Ба баланд бардоштани бароҳатии мусофирон ва сайёҳон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Қатораҳои нав харидорӣ гардидаанд ва рейсҳои қатораҳои электрикии «Афросиёб» байни Тошканд ва шаҳрҳои таърихии Самарқанд, Бухоро ва Қаршӣ бештар шуданд.

    Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3 ҳазор километр роҳҳои оҳан электриконида шудаанд. Электриконии хатти роҳи оҳани Бухоро – Урганҷ – Хива дар марҳилаи анҷомёбист ва корҳо дар хатсайри Мискин – Нуқус бо суръати баланд идома доранд.

    Дар атрофи Тошканд низ роҳи оҳани электриконидашуда сохта шуд, ки ба баланд гардидани қобилияти гузарониши қатораҳо то 30 фоиз мусоидат кард.

    Акнун дар хатсайри Тошканд – Ҳоҷикент қатораи нави электрикӣ ба истифода дода шуд. Президент бо ин қатора то Ҳоҷикент сафар намуда, бо имкониятҳои он шинос шуд.

    Вагонҳои қатора васеъ ва бароҳатанд. Дар он 586 ҷойи нишаст барои мусофирон мавҷуд аст. Таблоҳои иттилоотӣ ва низоми бехатарии сӯхтор насб шудаанд. Қатора метавонад суръатро дар як соат то 120 километр барорад. Дар ҳар самт се рейс дар як рӯз анҷом дода мешавад.

    Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат оид ба рушди инфрасохтори роҳи оҳан, беҳтар намудани шароит барои мусофирон, электриконии роҳҳои оҳан ва ободонии минтақаҳои атрофи хатсайр ҳисоботҳоро шунид.

    Президент супориш дод, ки минтақаҳои ҳамшафати роҳи оҳан байни Тошканд ва Ҳоҷикент ба барномаи таҷдиди соли 2025 ворид карда, ба тартиб оварда шаванд. Ҳамчунин, зарурати рост кардани қисматҳои каҷ ва печидаи хатсайр таъкид гардид, то шумораи рейсҳои ҳаррӯзаи қатораҳои экспресс зиёд шуда, ба мусофирони бештар хизмат расонда шавад.

    Ҳамчунин, корҳо дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» баррасӣ гардиданд. Зарурати сабз намудани атрофи хатҳои роҳи оҳан, шинондани рустаниҳои ба хушксолӣ тобовар бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ дар минтақаҳои захираҳои обашон маҳдуд, инчунин ворид кардани ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мувофиқ қайд гардид.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates