Мубодилоти мол миёни Ӯзбекистон ва Ҷопон дар 30 соли ахир беш аз 230 баробар афзоиш ёфтааст

    Мубодилоти мол миёни Ӯзбекистон ва Ҷопон дар 30 сол беш аз 230 баробар афзоиш ёфта, аз 730 ҳазор доллари соли 1992 дар соли гузашта қариб ба 170 миллион доллар расидааст.

    Дар ин бора зимни брифинг дар вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати сафари дарпешистода ба кишвари мо рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷопон Йосимаса Ҳаяси хабар дода шуд.

    Дар 12 соли ахир ин нахустин сафари сарвари вазорати хориҷаи Ҷопон ба Ӯзбекистон аст.

    Дар рафти сафари сарвари идораи сиёсати хориҷӣ Ҷопон ба Тошканд музокирот бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сармояҳо са савдои хориҷӣ, боздид аз Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия, инчунин ҷойҳои ҷолиби диққати таърихии шаҳри Тошканда ба нақша гирифта шудааст.

    Сафари вазири корҳои хориҷаи Ҷопон ба 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни ду кишвар рост меояд. Ба муносибати ин санаи муҳим Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида табодули назар карданд.

    Зимни брифинг зикр гардид, ки аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва кумакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон дар соҳаҳои энергетика, кимиё, нефту кимиё, инфрасохтор, кишоварзӣ ва хоҷагии об, нигаҳдории тандурустӣ ва маориф ба маблағи беш аз 7 миллиард доллари ИМА як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардидаанд, хабар медихад агентии «Дунё».

    «Мо ба пешбурди муносибатҳои дарозмуддат бо Ҷопон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, энергетика, инфрасохтор, инноватсия, тандурустӣ, илм, маориф ва фарҳанг афзалият медиҳем», — гуфт мушовири вазир, котиби матбуот ва намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Юсуф Қобулҷонов. — Мо ҳиссаи шаҳрвандони интернасиоиалии Ҷопонро дар сохтмони объектхои сершумори мамлакатамон хеле азиз мешуморем. Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ, ки бо иштироки онҳо сохта шудааст, ҳамчун як навъ рамзи дӯстии байни мамлакатҳои мо хизмат мекунад. Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки сафари дарпешистодаи вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои Ӯзбекистону Ҷопон, ки бешубҳа, иқтидори бузург дорад, такони нав хоҳад бахшид».

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates