Трамп ваъда дод низои байни ду кишварро бо як занги телефонӣ ҳал кунад

    Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ният дорад, то низои байни Таиланд ва Камбоҷаро бо як занги телефонӣ ҳал кунад.

    Дар ин бора Bloomberg хабар дод.

    "Ман бояд фардо ба ҳарду давлат занг занам... Боз кӣ гуфта метавонад, ки "Ман занг зада, ҷанги байни ду кишвари муқтадирро қатъ мекунам?" Мо бо нерӯ сулҳро пойдор мекунем", - гуфт роҳбари Амрико.

    Қаблан Трамп иддао карда буд, ки имсол ҳашт низои гуногунро ҳал кардааст.

    8 декабр дар бораи аз сари нав оғоз ёфтани ҷангҳо дар марзи Таиланд ва Камбоҷа хабар шуд. Қаблан артиши Таиланд даъват карда буд, ки аҳолии минтақаҳои марзӣ эвакуатсия карда шаванд, хабар дод lenta.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates