Трамп ин изҳоротро дар ҷамъомади нахустини Шӯрои сулҳ оид ба Ғазза, ки дар Вашингтон баргузор шуд, иброз намуда, ба кори музокиракунандагони амрикоӣ Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер ишора кард.

“Онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки Эронро ба як нуқтаи доғ табдил додааст, мулоқотҳои ҷолиб баргузор менамоянд. Бо намояндагони Эрон мулоқот карда, муносибатҳои хубро нигоҳ медоранд. Музокироти хуб анҷом медиҳанд”, гуфт Трамп.

Президент Трамп таъкид кард, ки дар солҳои охир расидан ба як созишномаи воқеан бомазмун бо Эрон душвор шудааст.

“Мо бояд ба як созишномаи воқеӣ ва бомазмун бирасем. Дар акси ҳол, рӯйдодҳои нохуш рӯй медиҳанд. Аммо ба мо маҳз як созишномаи воқеӣ ва пурмазмун лозим аст”, – гуфт ӯ.

Трамп ҳамчунин афзуд, ки вазъи созишномаи ҳастаӣ бо Эрон дар давоми 10 рӯзи наздик равшантар хоҳад шуд, хабар медиҳад report.az.

“Дар 10 рӯзи оянда хоҳем дид, ки оё ба созиш мерасем ё не”, изҳор дошт ӯ.