Ин вазифа дар ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба вазифаҳои афзалиятнок дар иқтисодиёт, ки 16 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ба миён гузошта шуд. Масъулин доир ба корҳои анҷом додашуда, инчунин натиҷаҳои интизорравандаи иҷрои нақшаҳои генералӣ маълумот доданд.
Дар ин муддат нақшаи генералии 14 ноҳияву шаҳр тартиб дода шуд. Дар онҳо сохтмони 759 бинои истиқоматӣ, 22 комбинати савдо ва зиёда аз 800 объекти хизмати маишӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар 112 ноҳия дар асоси самтҳои драйверӣ омода кардани 136 нақшаи генералии дигар дар назар аст.
Масалан, дар 38 ноҳияи босуръат тараққиёбанда ба кадри кофӣ манзил, объектхои иҷтимоӣ ва боғҳои истироҳат сохтан лозим аст. Дар 20 минтақаи дорои иқтидори сайёҳии баланд имкон дорад, ки аз ҳисоби зиёд намудани шумораи меҳмонхонаҳо ва рушди сайёҳии экологӣ, шикорӣ, тиббӣ, варзишӣ ва экстремалӣ гардиши сайёҳон 2,5 баробар зиёд карда шавад.
Дар 68 ноҳияҳое, ки аз онҳо роҳҳои автомобилгард мегузаранд, зиёда аз 400 мотел, кемпингҳо, ошхонаҳо, магазинҳо ва хиз-матрасонии автомобилӣ сохтан мумкин аст.
Умуман, ба шарофати лоиҳаҳо дар асоси нақшаҳои генералӣ таъсис додани 40 ҳазор ҷойи корӣ, инчунин мадохилоти солона ба буҷет ба маблағи 350 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлатон зарурати тезонидани бунёди инфрасохтори қулай, ҷойҳои савдо ва фароғат, инчунин ҷойҳои кории баланддаромадро барои аҳолӣ таъкид намуд.
Вазифа гузошта шуд, ки системаи амудии тартиб додан ва назорати нақшаҳои генералӣ барпо карда шавад.