Дар оғози суҳбат роҳбари Туркманистон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари ӯзбек сулҳу оромӣ, осоиш ва шукуфоӣ орзу намуд.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд.
Тавсеаи пайвастаи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Сарони Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақа табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.









