Турсуной, ки дар тела дода бардоштан бо натиҷаи 109 кг аз таъқибгари наздиктарин 9 кг пеш гузашта, тавонист дар машқи такондиҳӣ 129 кг бардорад. Бечунучаро, дар ҷамъбасти ду машқ ба 238 килограмм ягон ра-қибонаш наздик шуда натавонистанд. Ҳамин тариқ Турсуной Ҷабборова чемпиони мутлақ гардид.
Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ байни духтарони то 20-сола
Духтарон -87 кг:
Турсуной Ҷабборова (Ӯзбекистон) - 238 (109+129) кг;
Энтони Рейес (Куба) – 226 (99+127) кг;
Элизабет Оуэнс (ИМА) - 222 (99+123) кг.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳамватани мо Шарофиддин Амриддинов низ дар вазни то 102 кг қаҳрамон шуда буд. Ҳамин тариқ, рӯзи 9 май дар аренаи шаҳри Ираклион Суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду маротиба садо дод.