Вазнабардорони Ӯзбекистон аз рӯи шумораи медалҳо дар чемпионати ҷаҳон ҷои дуюмро гирифтанд

    Варзиш 18 Sentabr 2023 2340

    Дар Арабистони Саудӣ чемпионати ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ин чемпионати ҷаҳон, ки хусусияти литсензионӣ дар роҳ ба Олимпиадаи Париж-2024 дорад, сазоворона иштирок кард.

    Дар доираи мусобиқа ҳамватанони мо соҳиби 4 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

    Ба шарофати ин, мунтахаби мардонаи Ӯзбекистон аз рӯи шумораи ҷоизаҳо пас аз Чин ҷои дуюм ва дар таснифи хол пас аз Арманистон, Чин, Эрон ва Колумбия ҷои панҷумро касб кард.

    Ҷоизадорони дастаи мунтахаби Ўзбекистон:

    Тилло:

    -81 кг: Муҳаммадқодир Тоштемиров (бо як зарб бардоштан)

    -109 кг: Акбар Ҷӯраев (бо як зарб бардоштан)

    -109 кг: Руслан Нурудинов (тела дода бардоштан)

    -109 кг: Акбар Ҷӯраев (ҷамъи ду машқ)

    Нуқра:

    -109 кг: Акбар Ҷӯраев (тела дода бардоштан)

    -109 кг: Руслан Нурудинов (ҷамъи ду машқ)

    Бронза:

    -81 кг: Муҳаммадқодир Тоштемиров (ҷамъи ду машқ)

    Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими миллӣ акнун барои ширкат дар Бозиҳои осиёӣ аз Арабистони Саудӣ ба Чин сафар мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates