Дар ҳуҷҷат васеъ гардондани имкониятҳои ҷорӣ кардани таълими дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва зина ба зина рақамигардонии раванди таълим зикр шудааст.

Ба ғайр аз ин, ба  Вазорати молия ва Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус супурда шудааст, ки то 1 августи соли 2022 тартиби додани стипендияро ба талабагони коллеҷҳо ва техникумҳо таҳия намояд.  

«Зар сол барои 100 муассисаи таълимии касбу ҳунар, ки таълими дуалиро ҷорӣ кардаанд, соле 50 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Тартиби нави тафриқавии пардохти музди меҳнати роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ низ ҷорӣ карда мешавад», - омадааст дар хабар.

Ҳамин тариқ, тибқи тартиби нав:

- ставкаҳои тарифии асосии муаллимон, равоншиносон, пешвоёни чавонон ва мураббиёни омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ба ставкаҳои тарифии асосии кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ баробар карда мешаванд;

- ставкаҳои тарифии асосӣ барои устоҳои таълими истеҳсолии дорои тоифати якуми тахассусии омӯзишгоҳи касбу ҳунар, тоифаи дуюми тахассусӣ ва шахсоне, ки тоифаи тахассусӣ надоранд, ба ставкаҳои тарифии асосии муаллимони тоифаи дуюми тахассусӣ, муаллимони дорои маълумоти олӣ ва маълумоти миёнаи махсуси муассисаҳои таълими ҳамагонӣ баробар карда мешаванд.