Олимон эҳтимолияти дар беморхонаҳо бистарӣ шудани онҳоеро, ки бар зидди COVID-19 эм нашудаанд, арзёбӣ мекунанд

    Муҳим 25 Avgust 2021 691

    Тибқи ҳисоботи Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) ИМА, онҳое, ки бар зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, нисбат ба онҳое, ки пурра эм карда шудаанд, имконияти 29 маротиба бештар бо COVID-19 ба беморхона афтиданро доранд.

    Бинобар маълумоти CDC, онҳое, ки ваксина гирифтаанд, нисбат ба онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, эҳтимолан панҷ маротиба камтар гирифтори COVID-19 мешаванд, менависад "Известия".

    Натиҷаҳои ҳисоботи олимони амрикоӣ дар асоси маълумоте, ки бинобар натиҷаи таҳлили маълумоти эпидемиологӣ дар давраи аз май то июл дар округи Лос-Анҷелеси иёлати Калифорния гирифта шудаанд, тартиб дода шудаанд. Дар ин муддат зиёда аз 43 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аксари интиқолдиҳандагони вирус (71%) эм карда нашудаанд, чоряк (25%) пурра эм карда шудаанд, яъне аз гузарондани вояи дувум ду ҳафта гузаштааст, ва фоизи кам (3%) - қисман эм карда шудаанд.

    Муаллифони тадқиқот дар қисми муҳлати самарабахшии ваксина аз коронавирус тахминеро пешниҳод карда, зикр намуданд, ки дору бояд дар давоми 4-5 моҳ нишондиҳандаҳои устувори муҳофизат аз сироятро нигоҳ дорад.

    Илова бар ин, қайд карда мешавад, ки пас аз паҳншавии штамми ҳиндустонии коронавируси "дельта" шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ дар байни одамони пурра эмшуда афзоиш ёфтааст. Аммо, муҳаққиқон қайд карданд, ки дар баробари афзоиши паҳншавии "дельта" ваксинаҳои мавҷуда пайваста муҳофизати паҳнкунандагони худро аз COVID-19-и классикӣ ва вазнин гузаштани беморӣ таъмин карданд, ки дар якҷоягӣ бо чораҳои пешгирикунанда ба мубориза бар зидди сироят мусоидат намуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates