Талабагони мактаби бачагонаи мусиқии рақами 3-и шаҳри Андиҷон дар аввалин Форуми маданияти бачагон дар Маскав иштирок карданд

    Фарҳанг 29 Avgust 2022 775

    Аз 24 то 28 август дар ВДНХ-и пойтахти Русия бори нахуст Анҷумани фарҳангии кӯдакон баргузор гардид, ки ҳадаф аз он муайян намудан ва эътироф кардани кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилиятҳои барҷаста нишон додаанд, буд.

    Барнома, аз ҷумла, семинарҳои мавзӯӣ, чорабиниҳои интерактивӣ, барномаи консертӣ ва сафари пойтахти Русияро фаро гирифтааст.

    Дар ин маҳфил бо даъвати Вазорати фарҳанги Русия 5 тарбиятгирандаи Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва ҳунари рақами 3-юми Андиҷон ширкат карданд.

    Ба барномаи хонандагон иҷрои сурудҳои мардумӣ дар асбобҳои мусиқии миллӣ, рақсҳо ва намоиши асарҳои соҳаи санъати тасвирӣ дохил шудаанд. Дар фарҷоми форум намояндагони Ӯзбекистон бо шаҳодатномаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонда шуданд.

    Кори Аднона Акбарова, ки дар дарси маҳорати санъати тасвирӣ бо образи паланги Амур иштирок дошт, махсусан кайд карда шуд. Асарҳои ӯ дар музейи шаҳри Владивосток намоиш дода мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates